The Quran in Tajik - Surah Adiyat translated into Tajik, Surah Al-Adiyat in Tajik. We provide accurate translation of Surah Adiyat in Tajik - الطاجيكية, Verses 11 - Surah Number 100 - Page 599.
وَالْعَادِيَاتِ ضَبْحًا (1) Савганд ба аспони тездав |
فَالْمُورِيَاتِ قَدْحًا (2) савганд ба аспоне, ки ба сум аз санг оташ меҷаҳонанд |
فَالْمُغِيرَاتِ صُبْحًا (3) ва савганд ба аспоне, ки бомдодон ҳуҷум оваранд |
فَأَثَرْنَ بِهِ نَقْعًا (4) ва дар он ҷо ғубор бархезонанд |
فَوَسَطْنَ بِهِ جَمْعًا (5) ва дар он ҷо дар миён дароянд |
إِنَّ الْإِنسَانَ لِرَبِّهِ لَكَنُودٌ (6) ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд |
وَإِنَّهُ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٌ (7) ва ӯ худ бар ин гувоҳ аст |
وَإِنَّهُ لِحُبِّ الْخَيْرِ لَشَدِيدٌ (8) Ӯ молро сахт дӯст дорад |
۞ أَفَلَا يَعْلَمُ إِذَا بُعْثِرَ مَا فِي الْقُبُورِ (9) Оё намедонад, ки чун он чӣ дар гӯрҳост, зинда гардад |
وَحُصِّلَ مَا فِي الصُّدُورِ (10) ва он чӣ дар дилҳо ниҳон аст, ошкор шавад |
إِنَّ رَبَّهُم بِهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّخَبِيرٌ (11) Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳолашон огоҳ аст |