The Quran in Tajik - Surah Ghashiya translated into Tajik, Surah Al-Ghashiyah in Tajik. We provide accurate translation of Surah Ghashiya in Tajik - الطاجيكية, Verses 26 - Surah Number 88 - Page 592.

| هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ الْغَاشِيَةِ (1) Оё достони ғошия ба ту расидааст |
| وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ خَاشِعَةٌ (2) Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст |
| عَامِلَةٌ نَّاصِبَةٌ (3) талошкардаву ранҷдида |
| تَصْلَىٰ نَارًا حَامِيَةً (4) дар оташи сӯзон дарафтанд |
| تُسْقَىٰ مِنْ عَيْنٍ آنِيَةٍ (5) аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд |
| لَّيْسَ لَهُمْ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٍ (6) таъоме ғайри хор надоранд |
| لَّا يُسْمِنُ وَلَا يُغْنِي مِن جُوعٍ (7) ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ |
| وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاعِمَةٌ (8) Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд |
| لِّسَعْيِهَا رَاضِيَةٌ (9) аз кори худ хушнуд |
| فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ (10) дар биҳиште олимақом |
| لَّا تَسْمَعُ فِيهَا لَاغِيَةً (11) ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ |
| فِيهَا عَيْنٌ جَارِيَةٌ (12) ва дар он чашмасорҳо равон бошад |
| فِيهَا سُرُرٌ مَّرْفُوعَةٌ (13) ва тахтҳое баланд зада |
| وَأَكْوَابٌ مَّوْضُوعَةٌ (14) ва кӯзаҳое ниҳода |
| وَنَمَارِقُ مَصْفُوفَةٌ (15) ва болишҳое дар канори ҳам чида |
| وَزَرَابِيُّ مَبْثُوثَةٌ (16) ва фаршҳое паҳн карда |
| أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ (17) Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда |
| وَإِلَى السَّمَاءِ كَيْفَ رُفِعَتْ (18) Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда |
| وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ (19) Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда |
| وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ (20) Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда |
| فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ (21) Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ |
| لَّسْتَ عَلَيْهِم بِمُصَيْطِرٍ (22) Ту бар онон фармонраво нестӣ |
| إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ (23) Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд |
| فَيُعَذِّبُهُ اللَّهُ الْعَذَابَ الْأَكْبَرَ (24) Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад |
| إِنَّ إِلَيْنَا إِيَابَهُمْ (25) Албатта бозгашташон ба сӯи Мост |
| ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا حِسَابَهُم (26) Сипас ҳисобашон бо Мост |