القرآن باللغة الطاجيكية - سورة الغاشية مترجمة إلى اللغة الطاجيكية، Surah Ghashiya in Tajik. نوفر ترجمة دقيقة سورة الغاشية باللغة الطاجيكية - Tajik, الآيات 26 - رقم السورة 88 - الصفحة 592.
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ الْغَاشِيَةِ (1) Оё достони ғошия ба ту расидааст |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ خَاشِعَةٌ (2) Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст |
عَامِلَةٌ نَّاصِبَةٌ (3) талошкардаву ранҷдида |
تَصْلَىٰ نَارًا حَامِيَةً (4) дар оташи сӯзон дарафтанд |
تُسْقَىٰ مِنْ عَيْنٍ آنِيَةٍ (5) аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд |
لَّيْسَ لَهُمْ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٍ (6) таъоме ғайри хор надоранд |
لَّا يُسْمِنُ وَلَا يُغْنِي مِن جُوعٍ (7) ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاعِمَةٌ (8) Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд |
لِّسَعْيِهَا رَاضِيَةٌ (9) аз кори худ хушнуд |
فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ (10) дар биҳиште олимақом |
لَّا تَسْمَعُ فِيهَا لَاغِيَةً (11) ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ |
فِيهَا عَيْنٌ جَارِيَةٌ (12) ва дар он чашмасорҳо равон бошад |
فِيهَا سُرُرٌ مَّرْفُوعَةٌ (13) ва тахтҳое баланд зада |
وَأَكْوَابٌ مَّوْضُوعَةٌ (14) ва кӯзаҳое ниҳода |
وَنَمَارِقُ مَصْفُوفَةٌ (15) ва болишҳое дар канори ҳам чида |
وَزَرَابِيُّ مَبْثُوثَةٌ (16) ва фаршҳое паҳн карда |
أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ (17) Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда |
وَإِلَى السَّمَاءِ كَيْفَ رُفِعَتْ (18) Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда |
وَإِلَى الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ (19) Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда |
وَإِلَى الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ (20) Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда |
فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنتَ مُذَكِّرٌ (21) Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ |
لَّسْتَ عَلَيْهِم بِمُصَيْطِرٍ (22) Ту бар онон фармонраво нестӣ |
إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ (23) Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд |
فَيُعَذِّبُهُ اللَّهُ الْعَذَابَ الْأَكْبَرَ (24) Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад |
إِنَّ إِلَيْنَا إِيَابَهُمْ (25) Албатта бозгашташон ба сӯи Мост |
ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا حِسَابَهُم (26) Сипас ҳисобашон бо Мост |