وَالْفَجْرِ (1) Савганд ба сапедаи субҳ |
وَلَيَالٍ عَشْرٍ (2) ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа) |
وَالشَّفْعِ وَالْوَتْرِ (3) ва савганд ба ҷуфту тоқ |
وَاللَّيْلِ إِذَا يَسْرِ (4) ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад |
هَلْ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِي حِجْرٍ (5) Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист |
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ (6) Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард |
إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ (7) Бо Ирам, ки сутунҳо дошт |
الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ (8) Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд |
وَثَمُودَ الَّذِينَ جَابُوا الصَّخْرَ بِالْوَادِ (9) Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд |
وَفِرْعَوْنَ ذِي الْأَوْتَادِ (10) Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо |
الَّذِينَ طَغَوْا فِي الْبِلَادِ (11) онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд |
فَأَكْثَرُوا فِيهَا الْفَسَادَ (12) ва дар онҳо бисёр фасод карданд |
فَصَبَّ عَلَيْهِمْ رَبُّكَ سَوْطَ عَذَابٍ (13) Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард |
إِنَّ رَبَّكَ لَبِالْمِرْصَادِ (14) Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст |
فَأَمَّا الْإِنسَانُ إِذَا مَا ابْتَلَاهُ رَبُّهُ فَأَكْرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَكْرَمَنِ (15) Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт» |
وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ (16) Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт» |
كَلَّا ۖ بَل لَّا تُكْرِمُونَ الْيَتِيمَ (17) На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред |
وَلَا تَحَاضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْكِينِ (18) ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед |
وَتَأْكُلُونَ التُّرَاثَ أَكْلًا لَّمًّا (19) ва меросро ҳарисона мехӯред |
وَتُحِبُّونَ الْمَالَ حُبًّا جَمًّا (20) ва молро фаровон дӯст доред |
كَلَّا إِذَا دُكَّتِ الْأَرْضُ دَكًّا دَكًّا (21) Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад |
وَجَاءَ رَبُّكَ وَالْمَلَكُ صَفًّا صَفًّا (22) ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд |
وَجِيءَ يَوْمَئِذٍ بِجَهَنَّمَ ۚ يَوْمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ وَأَنَّىٰ لَهُ الذِّكْرَىٰ (23) ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад |
يَقُولُ يَا لَيْتَنِي قَدَّمْتُ لِحَيَاتِي (24) Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам» |
فَيَوْمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُ أَحَدٌ (25) Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад |
وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُ أَحَدٌ (26) ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад |
يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ (27) Эй рӯҳи оромишёфта |
ارْجِعِي إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً (28) хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард |
فَادْخُلِي فِي عِبَادِي (29) ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав |
وَادْخُلِي جَنَّتِي (30) ва ба биҳишти Ман дарой |