سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى (1) Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун |
الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ (2) он ки офарид ва дурустандом кард |
وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ (3) Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд |
وَالَّذِي أَخْرَجَ الْمَرْعَىٰ (4) Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид |
فَجَعَلَهُ غُثَاءً أَحْوَىٰ (5) сипас хушку сиёҳ гардонид |
سَنُقْرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰ (6) Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ |
إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ وَمَا يَخْفَىٰ (7) ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад |
وَنُيَسِّرُكَ لِلْيُسْرَىٰ (8) Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем |
فَذَكِّرْ إِن نَّفَعَتِ الذِّكْرَىٰ (9) Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ |
سَيَذَّكَّرُ مَن يَخْشَىٰ (10) Он ки метарсад, панд мегирад |
وَيَتَجَنَّبُهَا الْأَشْقَى (11) Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад |
الَّذِي يَصْلَى النَّارَ الْكُبْرَىٰ (12) он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад |
ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيَىٰ (13) ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад |
قَدْ أَفْلَحَ مَن تَزَكَّىٰ (14) Албатта покон наҷот ёфтанд |
وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّىٰ (15) онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд |
بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا (16) Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед |
وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ (17) ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст |
إِنَّ هَٰذَا لَفِي الصُّحُفِ الْأُولَىٰ (18) Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст |
صُحُفِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَىٰ (19) саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо |