The Quran in Tajik - Surah Tariq translated into Tajik, Surah At-Tariq in Tajik. We provide accurate translation of Surah Tariq in Tajik - الطاجيكية, Verses 17 - Surah Number 86 - Page 591.

| وَالسَّمَاءِ وَالطَّارِقِ (1) Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд | 
| وَمَا أَدْرَاكَ مَا الطَّارِقُ (2) Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист | 
| النَّجْمُ الثَّاقِبُ (3) Ситораест дурахшанда | 
| إِن كُلُّ نَفْسٍ لَّمَّا عَلَيْهَا حَافِظٌ (4) Ҳеҷ кас нест, кӣ бар ӯ нигаҳбоне набошад | 
| فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ مِمَّ خُلِقَ (5) Пас одамӣ бингарад, ки аз чӣ чиз офариша шудааст | 
| خُلِقَ مِن مَّاءٍ دَافِقٍ (6) Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст | 
| يَخْرُجُ مِن بَيْنِ الصُّلْبِ وَالتَّرَائِبِ (7) ки аз миёни пушту сина берун меояд | 
| إِنَّهُ عَلَىٰ رَجْعِهِ لَقَادِرٌ (8) Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност | 
| يَوْمَ تُبْلَى السَّرَائِرُ (9) рӯзе, ки розҳо (сирҳо) ошкор мешаванд | 
| فَمَا لَهُ مِن قُوَّةٍ وَلَا نَاصِرٍ (10) Ӯро на қувватест, ва на ёваре | 
| وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الرَّجْعِ (11) Қасам ба осмони бозборанда | 
| وَالْأَرْضِ ذَاتِ الصَّدْعِ (12) Қасам ба замини руёни шикофхӯрда, (барои гиёҳ) | 
| إِنَّهُ لَقَوْلٌ فَصْلٌ (13) ки ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад | 
| وَمَا هُوَ بِالْهَزْلِ (14) ва сухани ҳазл нест | 
| إِنَّهُمْ يَكِيدُونَ كَيْدًا (15) Онон ҳилае меандешанд | 
| وَأَكِيدُ كَيْدًا (16) ва Ман ҳам ҳилае меандешам | 
| فَمَهِّلِ الْكَافِرِينَ أَمْهِلْهُمْ رُوَيْدًا (17) Пас кофиронро мӯҳлат деҳ андак мӯҳлаташон деҳ |