وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا (1) Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт |
وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا (2) ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд |
وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا (3) ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад |
وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا (4) ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад |
وَالسَّمَاءِ وَمَا بَنَاهَا (5) ва савганд ба осмону он ки онро бино карда |
وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا (6) ва савганд ба замину он ки онро бигустурда |
وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا (7) ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида |
فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا (8) сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда |
قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا (9) ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт |
وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا (10) ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард |
كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِطَغْوَاهَا (11) Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд |
إِذِ انبَعَثَ أَشْقَاهَا (12) Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост |
فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ نَاقَةَ اللَّهِ وَسُقْيَاهَا (13) Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред |
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمْدَمَ عَلَيْهِمْ رَبُّهُم بِذَنبِهِمْ فَسَوَّاهَا (14) Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт |
وَلَا يَخَافُ عُقْبَاهَا (15) Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад |