The Quran in Tajik - Surah Al Balad translated into Tajik, Surah Al-Balad in Tajik. We provide accurate translation of Surah Al Balad in Tajik - الطاجيكية, Verses 20 - Surah Number 90 - Page 594.

| لَا أُقْسِمُ بِهَٰذَا الْبَلَدِ (1) Қасам ба ин шаҳр! (Макка) | 
| وَأَنتَ حِلٌّ بِهَٰذَا الْبَلَدِ (2) Ва ту дар ин шаҳр ҳалол хоҳӣ шуд | 
| وَوَالِدٍ وَمَا وَلَدَ (3) Ва қасам ба падару фарзандони ӯ | 
| لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي كَبَدٍ (4) ки одамиро, дар ранҷу меҳнат биёфаридаем | 
| أَيَحْسَبُ أَن لَّن يَقْدِرَ عَلَيْهِ أَحَدٌ (5) Оё мепиндорад, ки кас бар ӯ қодир нагардад | 
| يَقُولُ أَهْلَكْتُ مَالًا لُّبَدًا (6) Мегӯяд: «Моле фаровонро харҷ кардам!» | 
| أَيَحْسَبُ أَن لَّمْ يَرَهُ أَحَدٌ (7) Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст | 
| أَلَمْ نَجْعَل لَّهُ عَيْنَيْنِ (8) Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем | 
| وَلِسَانًا وَشَفَتَيْنِ (9) Ва як забону ду лаб | 
| وَهَدَيْنَاهُ النَّجْدَيْنِ (10) Ва ду роҳ ба ӯ далолат накардем | 
| فَلَا اقْتَحَمَ الْعَقَبَةَ (11) Ва ӯ дар он гузаргоҳи сахт қадам наниҳод | 
| وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْعَقَبَةُ (12) Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист | 
| فَكُّ رَقَبَةٍ (13) Озод кардани банда аст | 
| أَوْ إِطْعَامٌ فِي يَوْمٍ ذِي مَسْغَبَةٍ (14) ё таъом додан дар рӯзи қаҳтӣ | 
| يَتِيمًا ذَا مَقْرَبَةٍ (15) хоса ба ятиме, ки хешованд бошад | 
| أَوْ مِسْكِينًا ذَا مَتْرَبَةٍ (16) ё ба мискине хокнишин (мӯҳтоҷ) | 
| ثُمَّ كَانَ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ وَتَوَاصَوْا بِالْمَرْحَمَةِ (17) Баъд, аз он аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр васият кардаанду ба шафқат | 
| أُولَٰئِكَ أَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ (18) Инҳо аҳли саъодатанд | 
| وَالَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِنَا هُمْ أَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ (19) Ва касоне, ки ба оёти Мо кофиранд, аҳли шақоватанд (бадбахтиянд) | 
| عَلَيْهِمْ نَارٌ مُّؤْصَدَةٌ (20) Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст |