| وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَىٰ (1) Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад
 | 
| وَالنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ (2) ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад
 | 
| وَمَا خَلَقَ الذَّكَرَ وَالْأُنثَىٰ (3) ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид
 | 
| إِنَّ سَعْيَكُمْ لَشَتَّىٰ (4) ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст
 | 
| فَأَمَّا مَنْ أَعْطَىٰ وَاتَّقَىٰ (5) Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард
 | 
| وَصَدَّقَ بِالْحُسْنَىٰ (6) ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро)
 | 
| فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْيُسْرَىٰ (7) пас барои биҳишт омодааш мекунем
 | 
| وَأَمَّا مَن بَخِلَ وَاسْتَغْنَىٰ (8) Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард
 | 
| وَكَذَّبَ بِالْحُسْنَىٰ (9) ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард)
 | 
| فَسَنُيَسِّرُهُ لِلْعُسْرَىٰ (10) ӯро барои дӯзах омода месозем
 | 
| وَمَا يُغْنِي عَنْهُ مَالُهُ إِذَا تَرَدَّىٰ (11) Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад
 | 
| إِنَّ عَلَيْنَا لَلْهُدَىٰ (12) Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист
 | 
| وَإِنَّ لَنَا لَلْآخِرَةَ وَالْأُولَىٰ (13) Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон
 | 
| فَأَنذَرْتُكُمْ نَارًا تَلَظَّىٰ (14) Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам
 | 
| لَا يَصْلَاهَا إِلَّا الْأَشْقَى (15) ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад
 | 
| الَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ (16) он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд
 | 
| وَسَيُجَنَّبُهَا الْأَتْقَى (17) Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд
 | 
| الَّذِي يُؤْتِي مَالَهُ يَتَزَكَّىٰ (18) он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд
 | 
| وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُ مِن نِّعْمَةٍ تُجْزَىٰ (19) Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад
 | 
| إِلَّا ابْتِغَاءَ وَجْهِ رَبِّهِ الْأَعْلَىٰ (20) Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ
 | 
| وَلَسَوْفَ يَرْضَىٰ (21) Ва ба зудӣ хушнуд шавад
 |