| إِذَا السَّمَاءُ انفَطَرَتْ (1) Он гоҳ, ки осмон бишикофад
 | 
| وَإِذَا الْكَوَاكِبُ انتَثَرَتْ (2) ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд
 | 
| وَإِذَا الْبِحَارُ فُجِّرَتْ (3) ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд
 | 
| وَإِذَا الْقُبُورُ بُعْثِرَتْ (4) ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид
 | 
| عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ وَأَخَّرَتْ (5) ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст
 | 
| يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ الْكَرِيمِ (6) Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст)
 | 
| الَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّاكَ فَعَدَلَكَ (7) Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард
 | 
| فِي أَيِّ صُورَةٍ مَّا شَاءَ رَكَّبَكَ (8) Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод)
 | 
| كَلَّا بَلْ تُكَذِّبُونَ بِالدِّينِ (9) Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед
 | 
| وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَافِظِينَ (10) Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд
 | 
| كِرَامًا كَاتِبِينَ (11) котибоне бузургвор
 | 
| يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ (12) медонанд, ки шумо чӣ мекунед
 | 
| إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ (13) Албатта некӯкорон дар неъматанд
 | 
| وَإِنَّ الْفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٍ (14) ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам
 | 
| يَصْلَوْنَهَا يَوْمَ الدِّينِ (15) Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
 | 
| وَمَا هُمْ عَنْهَا بِغَائِبِينَ (16) ва аз он ғоиб нашаванд
 | 
| وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الدِّينِ (17) Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист
 | 
| ثُمَّ مَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الدِّينِ (18) Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист
 | 
| يَوْمَ لَا تَمْلِكُ نَفْسٌ لِّنَفْسٍ شَيْئًا ۖ وَالْأَمْرُ يَوْمَئِذٍ لِّلَّهِ (19) Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад
 |