إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ (1) Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад |
وَإِذَا النُّجُومُ انكَدَرَتْ (2) ва чун ситорагон фурӯ резанд |
وَإِذَا الْجِبَالُ سُيِّرَتْ (3) ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд |
وَإِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ (4) ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд |
وَإِذَا الْوُحُوشُ حُشِرَتْ (5) ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд |
وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ (6) ва чун дарёҳо оташ гиранд |
وَإِذَا النُّفُوسُ زُوِّجَتْ (7) ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд |
وَإِذَا الْمَوْءُودَةُ سُئِلَتْ (8) ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки |
بِأَيِّ ذَنبٍ قُتِلَتْ (9) ба чӣ гуноҳе кушта шудааст |
وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ (10) ва чун саҳифаҳо боз шаванд |
وَإِذَا السَّمَاءُ كُشِطَتْ (11) ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад |
وَإِذَا الْجَحِيمُ سُعِّرَتْ (12) ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад |
وَإِذَا الْجَنَّةُ أُزْلِفَتْ (13) ва чун биҳиштро пеш оваранд |
عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا أَحْضَرَتْ (14) ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст |
فَلَا أُقْسِمُ بِالْخُنَّسِ (15) Савганд ба ситорагони бозгарданда |
الْجَوَارِ الْكُنَّسِ (16) сайркунандаи ғойбшаванда |
وَاللَّيْلِ إِذَا عَسْعَسَ (17) ва савганд ба шаб, чун торик шавад |
وَالصُّبْحِ إِذَا تَنَفَّسَ (18) ва савганд ба субҳ чун бидамад |
إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ (19) ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст |
ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي الْعَرْشِ مَكِينٍ (20) нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ |
مُّطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ (21) он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст |
وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجْنُونٍ (22) Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест |
وَلَقَدْ رَآهُ بِالْأُفُقِ الْمُبِينِ (23) Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст |
وَمَا هُوَ عَلَى الْغَيْبِ بِضَنِينٍ (24) Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад |
وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَيْطَانٍ رَّجِيمٍ (25) Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест |
فَأَيْنَ تَذْهَبُونَ (26) Пас ба куҷо меравед |
إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ (27) Ин китоб пандест барои ҷаҳониён |
لِمَن شَاءَ مِنكُمْ أَن يَسْتَقِيمَ (28) барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад |
وَمَا تَشَاءُونَ إِلَّا أَن يَشَاءَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ (29) Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад |