| وَالْفَجْرِ (1) Савганд ба сапедаи субҳ
 | 
| وَلَيَالٍ عَشْرٍ (2) ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа)
 | 
| وَالشَّفْعِ وَالْوَتْرِ (3) ва савганд ба ҷуфту тоқ
 | 
| وَاللَّيْلِ إِذَا يَسْرِ (4) ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад
 | 
| هَلْ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِي حِجْرٍ (5) Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист
 | 
| أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ (6) Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард
 | 
| إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ (7) Бо Ирам, ки сутунҳо дошт
 | 
| الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ (8) Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд
 | 
| وَثَمُودَ الَّذِينَ جَابُوا الصَّخْرَ بِالْوَادِ (9) Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд
 | 
| وَفِرْعَوْنَ ذِي الْأَوْتَادِ (10) Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо
 | 
| الَّذِينَ طَغَوْا فِي الْبِلَادِ (11) онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
 | 
| فَأَكْثَرُوا فِيهَا الْفَسَادَ (12) ва дар онҳо бисёр фасод карданд
 | 
| فَصَبَّ عَلَيْهِمْ رَبُّكَ سَوْطَ عَذَابٍ (13) Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард
 | 
| إِنَّ رَبَّكَ لَبِالْمِرْصَادِ (14) Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст
 | 
| فَأَمَّا الْإِنسَانُ إِذَا مَا ابْتَلَاهُ رَبُّهُ فَأَكْرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَكْرَمَنِ (15) Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт»
 | 
| وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ (16) Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт»
 | 
| كَلَّا ۖ بَل لَّا تُكْرِمُونَ الْيَتِيمَ (17) На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред
 | 
| وَلَا تَحَاضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْكِينِ (18) ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед
 | 
| وَتَأْكُلُونَ التُّرَاثَ أَكْلًا لَّمًّا (19) ва меросро ҳарисона мехӯред
 | 
| وَتُحِبُّونَ الْمَالَ حُبًّا جَمًّا (20) ва молро фаровон дӯст доред
 | 
| كَلَّا إِذَا دُكَّتِ الْأَرْضُ دَكًّا دَكًّا (21) Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад
 | 
| وَجَاءَ رَبُّكَ وَالْمَلَكُ صَفًّا صَفًّا (22) ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд
 | 
| وَجِيءَ يَوْمَئِذٍ بِجَهَنَّمَ ۚ يَوْمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ وَأَنَّىٰ لَهُ الذِّكْرَىٰ (23) ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад
 | 
| يَقُولُ يَا لَيْتَنِي قَدَّمْتُ لِحَيَاتِي (24) Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам»
 | 
| فَيَوْمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُ أَحَدٌ (25) Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад
 | 
| وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُ أَحَدٌ (26) ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад
 | 
| يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ (27) Эй рӯҳи оромишёфта
 | 
| ارْجِعِي إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً (28) хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард
 | 
| فَادْخُلِي فِي عِبَادِي (29) ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав
 | 
| وَادْخُلِي جَنَّتِي (30) ва ба биҳишти Ман дарой
 |