إِذَا السَّمَاءُ انشَقَّتْ (1) Чун осмон шикофта шавад |
وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ (2) ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад |
وَإِذَا الْأَرْضُ مُدَّتْ (3) ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад |
وَأَلْقَتْ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتْ (4) ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад |
وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ (5) ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад |
يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ (6) Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид |
فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ (7) Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд |
فَسَوْفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا (8) ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд |
وَيَنقَلِبُ إِلَىٰ أَهْلِهِ مَسْرُورًا (9) ва шодмон назди касонаш бозгардад |
وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ وَرَاءَ ظَهْرِهِ (10) Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад |
فَسَوْفَ يَدْعُو ثُبُورًا (11) ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам» |
وَيَصْلَىٰ سَعِيرًا (12) Ва ба оташи афрӯхта дарояд |
إِنَّهُ كَانَ فِي أَهْلِهِ مَسْرُورًا (13) Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд |
إِنَّهُ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ (14) Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт |
بَلَىٰ إِنَّ رَبَّهُ كَانَ بِهِ بَصِيرًا (15) Оре, Парвардигораш ӯро медидааст |
فَلَا أُقْسِمُ بِالشَّفَقِ (16) Пас ба шафақ савганд мехӯрам |
وَاللَّيْلِ وَمَا وَسَقَ (17) ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад |
وَالْقَمَرِ إِذَا اتَّسَقَ (18) ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад |
لَتَرْكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ (19) ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид |
فَمَا لَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ (20) Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд |
وَإِذَا قُرِئَ عَلَيْهِمُ الْقُرْآنُ لَا يَسْجُدُونَ ۩ (21) Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда) |
بَلِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُكَذِّبُونَ (22) Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд) |
وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُوعُونَ (23) Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст |
فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ (24) Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ |
إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍ (25) ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест |