| إِذَا السَّمَاءُ انشَقَّتْ (1) Чун осмон шикофта шавад
 | 
| وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ (2) ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
 | 
| وَإِذَا الْأَرْضُ مُدَّتْ (3) ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад
 | 
| وَأَلْقَتْ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتْ (4) ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад
 | 
| وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ (5) ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад
 | 
| يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ (6) Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид
 | 
| فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ (7) Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд
 | 
| فَسَوْفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا (8) ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд
 | 
| وَيَنقَلِبُ إِلَىٰ أَهْلِهِ مَسْرُورًا (9) ва шодмон назди касонаш бозгардад
 | 
| وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ وَرَاءَ ظَهْرِهِ (10) Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад
 | 
| فَسَوْفَ يَدْعُو ثُبُورًا (11) ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам»
 | 
| وَيَصْلَىٰ سَعِيرًا (12) Ва ба оташи афрӯхта дарояд
 | 
| إِنَّهُ كَانَ فِي أَهْلِهِ مَسْرُورًا (13) Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд
 | 
| إِنَّهُ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ (14) Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт
 | 
| بَلَىٰ إِنَّ رَبَّهُ كَانَ بِهِ بَصِيرًا (15) Оре, Парвардигораш ӯро медидааст
 | 
| فَلَا أُقْسِمُ بِالشَّفَقِ (16) Пас ба шафақ савганд мехӯрам
 | 
| وَاللَّيْلِ وَمَا وَسَقَ (17) ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад
 | 
| وَالْقَمَرِ إِذَا اتَّسَقَ (18) ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад
 | 
| لَتَرْكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ (19) ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид
 | 
| فَمَا لَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ (20) Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд
 | 
| وَإِذَا قُرِئَ عَلَيْهِمُ الْقُرْآنُ لَا يَسْجُدُونَ ۩ (21) Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда)
 | 
| بَلِ الَّذِينَ كَفَرُوا يُكَذِّبُونَ (22) Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд)
 | 
| وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُوعُونَ (23) Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст
 | 
| فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ (24) Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ
 | 
| إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍ (25) ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест
 |