The Quran in Tajik - Surah Abasa translated into Tajik, Surah Abasa in Tajik. We provide accurate translation of Surah Abasa in Tajik - الطاجيكية, Verses 42 - Surah Number 80 - Page 585.

| عَبَسَ وَتَوَلَّىٰ (1) Рӯйро турш кард ва сар баргардонид |
| أَن جَاءَهُ الْأَعْمَىٰ (2) чун он нобино ба наздаш омад |
| وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّهُ يَزَّكَّىٰ (3) Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад |
| أَوْ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ الذِّكْرَىٰ (4) ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад |
| أَمَّا مَنِ اسْتَغْنَىٰ (5) Аммо он ки ӯ тавонгар аст |
| فَأَنتَ لَهُ تَصَدَّىٰ (6) ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ |
| وَمَا عَلَيْكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ (7) ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест |
| وَأَمَّا مَن جَاءَكَ يَسْعَىٰ (8) Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд |
| وَهُوَ يَخْشَىٰ (9) ва метарсад, (аз худо) |
| فَأَنتَ عَنْهُ تَلَهَّىٰ (10) ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ |
| كَلَّا إِنَّهَا تَذْكِرَةٌ (11) Оре, ин Қуръон пандест |
| فَمَن شَاءَ ذَكَرَهُ (12) пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад |
| فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ (13) Дар саҳифаҳое гиромӣ |
| مَّرْفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةٍ (14) баландқадру покиза |
| بِأَيْدِي سَفَرَةٍ (15) ба дасти котибоне |
| كِرَامٍ بَرَرَةٍ (16) бузургвору некӯкор |
| قُتِلَ الْإِنسَانُ مَا أَكْفَرَهُ (17) Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст |
| مِنْ أَيِّ شَيْءٍ خَلَقَهُ (18) Ӯро аз чӣ офаридааст |
| مِن نُّطْفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ (19) Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард |
| ثُمَّ السَّبِيلَ يَسَّرَهُ (20) сипас роҳашро осон сохт |
| ثُمَّ أَمَاتَهُ فَأَقْبَرَهُ (21) Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард |
| ثُمَّ إِذَا شَاءَ أَنشَرَهُ (22) Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад |
| كَلَّا لَمَّا يَقْضِ مَا أَمَرَهُ (23) На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст |
| فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ إِلَىٰ طَعَامِهِ (24) Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад |
| أَنَّا صَبَبْنَا الْمَاءَ صَبًّا (25) Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ |
| ثُمَّ شَقَقْنَا الْأَرْضَ شَقًّا (26) ва заминро шикофтем, шикофтанӣ |
| فَأَنبَتْنَا فِيهَا حَبًّا (27) ва дар он донаҳо рӯёнидем |
| وَعِنَبًا وَقَضْبًا (28) ва току сабзавот |
| وَزَيْتُونًا وَنَخْلًا (29) ва зайтуну нахл (дарахти хурмо) |
| وَحَدَائِقَ غُلْبًا (30) ва боғҳои пурдарахт |
| وَفَاكِهَةً وَأَبًّا (31) ва меваву алаф |
| مَّتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ (32) то шумову чорпоёнатон баҳра баред |
| فَإِذَا جَاءَتِ الصَّاخَّةُ (33) Чун бонги қиёмат барояд |
| يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ (34) рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад |
| وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ (35) ва аз модарашу падараш |
| وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ (36) ва аз занашу фарзандонаш |
| لِكُلِّ امْرِئٍ مِّنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ (37) Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад |
| وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ مُّسْفِرَةٌ (38) Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд |
| ضَاحِكَةٌ مُّسْتَبْشِرَةٌ (39) хандонанду шодонанд |
| وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ عَلَيْهَا غَبَرَةٌ (40) Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд |
| تَرْهَقُهَا قَتَرَةٌ (41) дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд |
| أُولَٰئِكَ هُمُ الْكَفَرَةُ الْفَجَرَةُ (42) Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон) |