| إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ (1) Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад
 | 
| وَإِذَا النُّجُومُ انكَدَرَتْ (2) ва чун ситорагон фурӯ резанд
 | 
| وَإِذَا الْجِبَالُ سُيِّرَتْ (3) ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд
 | 
| وَإِذَا الْعِشَارُ عُطِّلَتْ (4) ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд
 | 
| وَإِذَا الْوُحُوشُ حُشِرَتْ (5) ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд
 | 
| وَإِذَا الْبِحَارُ سُجِّرَتْ (6) ва чун дарёҳо оташ гиранд
 | 
| وَإِذَا النُّفُوسُ زُوِّجَتْ (7) ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд
 | 
| وَإِذَا الْمَوْءُودَةُ سُئِلَتْ (8) ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки
 | 
| بِأَيِّ ذَنبٍ قُتِلَتْ (9) ба чӣ гуноҳе кушта шудааст
 | 
| وَإِذَا الصُّحُفُ نُشِرَتْ (10) ва чун саҳифаҳо боз шаванд
 | 
| وَإِذَا السَّمَاءُ كُشِطَتْ (11) ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад
 | 
| وَإِذَا الْجَحِيمُ سُعِّرَتْ (12) ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад
 | 
| وَإِذَا الْجَنَّةُ أُزْلِفَتْ (13) ва чун биҳиштро пеш оваранд
 | 
| عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا أَحْضَرَتْ (14) ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст
 | 
| فَلَا أُقْسِمُ بِالْخُنَّسِ (15) Савганд ба ситорагони бозгарданда
 | 
| الْجَوَارِ الْكُنَّسِ (16) сайркунандаи ғойбшаванда
 | 
| وَاللَّيْلِ إِذَا عَسْعَسَ (17) ва савганд ба шаб, чун торик шавад
 | 
| وَالصُّبْحِ إِذَا تَنَفَّسَ (18) ва савганд ба субҳ чун бидамад
 | 
| إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ (19) ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст
 | 
| ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي الْعَرْشِ مَكِينٍ (20) нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ
 | 
| مُّطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ (21) он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст
 | 
| وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجْنُونٍ (22) Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест
 | 
| وَلَقَدْ رَآهُ بِالْأُفُقِ الْمُبِينِ (23) Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст
 | 
| وَمَا هُوَ عَلَى الْغَيْبِ بِضَنِينٍ (24) Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад
 | 
| وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَيْطَانٍ رَّجِيمٍ (25) Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест
 | 
| فَأَيْنَ تَذْهَبُونَ (26) Пас ба куҷо меравед
 | 
| إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَالَمِينَ (27) Ин китоб пандест барои ҷаҳониён
 | 
| لِمَن شَاءَ مِنكُمْ أَن يَسْتَقِيمَ (28) барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад
 | 
| وَمَا تَشَاءُونَ إِلَّا أَن يَشَاءَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ (29) Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад
 |