وَالْمُرْسَلَاتِ عُرْفًا (1) Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд |
فَالْعَاصِفَاتِ عَصْفًا (2) ва савганд ба бодҳои сахти вазанда |
وَالنَّاشِرَاتِ نَشْرًا (3) ва савганд ба бодҳои бороновар |
فَالْفَارِقَاتِ فَرْقًا (4) ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд |
فَالْمُلْقِيَاتِ ذِكْرًا (5) ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд |
عُذْرًا أَوْ نُذْرًا (6) дафъ кардани узрро ё бим карданро |
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَاقِعٌ (7) ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд |
فَإِذَا النُّجُومُ طُمِسَتْ (8) Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд |
وَإِذَا السَّمَاءُ فُرِجَتْ (9) ва он гоҳ ки осмон бишикофад |
وَإِذَا الْجِبَالُ نُسِفَتْ (10) ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд |
وَإِذَا الرُّسُلُ أُقِّتَتْ (11) ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад |
لِأَيِّ يَوْمٍ أُجِّلَتْ (12) Барои чӣ рӯзе муъайян шавад |
لِيَوْمِ الْفَصْلِ (13) Барои рӯзи фасл |
وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الْفَصْلِ (14) Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (15) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон) |
أَلَمْ نُهْلِكِ الْأَوَّلِينَ (16) Оё аввалиёнро ҳалок накардаем |
ثُمَّ نُتْبِعُهُمُ الْآخِرِينَ (17) ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем |
كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ (18) Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (19) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
أَلَمْ نَخْلُقكُّم مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ (20) Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем |
فَجَعَلْنَاهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ (21) Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем |
إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعْلُومٍ (22) то замоне муъайян |
فَقَدَرْنَا فَنِعْمَ الْقَادِرُونَ (23) Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (24) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ كِفَاتًا (25) Оё заминро ҷойгоҳе насохтем |
أَحْيَاءً وَأَمْوَاتًا (26) барои зиндагону мурдагон |
وَجَعَلْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ شَامِخَاتٍ وَأَسْقَيْنَاكُم مَّاءً فُرَاتًا (27) Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (28) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
انطَلِقُوا إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ (29) Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед |
انطَلِقُوا إِلَىٰ ظِلٍّ ذِي ثَلَاثِ شُعَبٍ (30) Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед |
لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغْنِي مِنَ اللَّهَبِ (31) ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад |
إِنَّهَا تَرْمِي بِشَرَرٍ كَالْقَصْرِ (32) Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим |
كَأَنَّهُ جِمَالَتٌ صُفْرٌ (33) гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (34) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
هَٰذَا يَوْمُ لَا يَنطِقُونَ (35) Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд |
وَلَا يُؤْذَنُ لَهُمْ فَيَعْتَذِرُونَ (36) Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (37) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
هَٰذَا يَوْمُ الْفَصْلِ ۖ جَمَعْنَاكُمْ وَالْأَوَّلِينَ (38) Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем |
فَإِن كَانَ لَكُمْ كَيْدٌ فَكِيدُونِ (39) Пас агар ҳилае доред, ба кор баред |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (40) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي ظِلَالٍ وَعُيُونٍ (41) Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд |
وَفَوَاكِهَ مِمَّا يَشْتَهُونَ (42) бо ҳар мевае, ки орзу кунанд |
كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ (43) Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод |
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ (44) Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (45) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
كُلُوا وَتَمَتَّعُوا قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجْرِمُونَ (46) Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (47) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ارْكَعُوا لَا يَرْكَعُونَ (48) Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд) |
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (49) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон |
فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ (50) Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд |