| وَالْمُرْسَلَاتِ عُرْفًا (1) Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
 | 
| فَالْعَاصِفَاتِ عَصْفًا (2) ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
 | 
| وَالنَّاشِرَاتِ نَشْرًا (3) ва савганд ба бодҳои бороновар
 | 
| فَالْفَارِقَاتِ فَرْقًا (4) ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
 | 
| فَالْمُلْقِيَاتِ ذِكْرًا (5) ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд
 | 
| عُذْرًا أَوْ نُذْرًا (6) дафъ кардани узрро ё бим карданро
 | 
| إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَاقِعٌ (7) ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд
 | 
| فَإِذَا النُّجُومُ طُمِسَتْ (8) Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд
 | 
| وَإِذَا السَّمَاءُ فُرِجَتْ (9) ва он гоҳ ки осмон бишикофад
 | 
| وَإِذَا الْجِبَالُ نُسِفَتْ (10) ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
 | 
| وَإِذَا الرُّسُلُ أُقِّتَتْ (11) ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад
 | 
| لِأَيِّ يَوْمٍ أُجِّلَتْ (12) Барои чӣ рӯзе муъайян шавад
 | 
| لِيَوْمِ الْفَصْلِ (13) Барои рӯзи фасл
 | 
| وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الْفَصْلِ (14) Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (15) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)
 | 
| أَلَمْ نُهْلِكِ الْأَوَّلِينَ (16) Оё аввалиёнро ҳалок накардаем
 | 
| ثُمَّ نُتْبِعُهُمُ الْآخِرِينَ (17) ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем
 | 
| كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ (18) Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (19) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| أَلَمْ نَخْلُقكُّم مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ (20) Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем
 | 
| فَجَعَلْنَاهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ (21) Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем
 | 
| إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعْلُومٍ (22) то замоне муъайян
 | 
| فَقَدَرْنَا فَنِعْمَ الْقَادِرُونَ (23) Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (24) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ كِفَاتًا (25) Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
 | 
| أَحْيَاءً وَأَمْوَاتًا (26) барои зиндагону мурдагон
 | 
| وَجَعَلْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ شَامِخَاتٍ وَأَسْقَيْنَاكُم مَّاءً فُرَاتًا (27) Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (28) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| انطَلِقُوا إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ (29) Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед
 | 
| انطَلِقُوا إِلَىٰ ظِلٍّ ذِي ثَلَاثِ شُعَبٍ (30) Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед
 | 
| لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغْنِي مِنَ اللَّهَبِ (31) ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад
 | 
| إِنَّهَا تَرْمِي بِشَرَرٍ كَالْقَصْرِ (32) Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим
 | 
| كَأَنَّهُ جِمَالَتٌ صُفْرٌ (33) гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (34) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| هَٰذَا يَوْمُ لَا يَنطِقُونَ (35) Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд
 | 
| وَلَا يُؤْذَنُ لَهُمْ فَيَعْتَذِرُونَ (36) Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (37) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| هَٰذَا يَوْمُ الْفَصْلِ ۖ جَمَعْنَاكُمْ وَالْأَوَّلِينَ (38) Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем
 | 
| فَإِن كَانَ لَكُمْ كَيْدٌ فَكِيدُونِ (39) Пас агар ҳилае доред, ба кор баред
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (40) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي ظِلَالٍ وَعُيُونٍ (41) Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд
 | 
| وَفَوَاكِهَ مِمَّا يَشْتَهُونَ (42) бо ҳар мевае, ки орзу кунанд
 | 
| كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ (43) Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод
 | 
| إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ (44) Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (45) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| كُلُوا وَتَمَتَّعُوا قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجْرِمُونَ (46) Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (47) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ارْكَعُوا لَا يَرْكَعُونَ (48) Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд)
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (49) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
 | 
| فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ (50) Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд
 |