القرآن باللغة الطاجيكية - سورة عبس مترجمة إلى اللغة الطاجيكية، Surah Abasa in Tajik. نوفر ترجمة دقيقة سورة عبس باللغة الطاجيكية - Tajik, الآيات 42 - رقم السورة 80 - الصفحة 585.

| عَبَسَ وَتَوَلَّىٰ (1) Рӯйро турш кард ва сар баргардонид  | 
| أَن جَاءَهُ الْأَعْمَىٰ (2) чун он нобино ба наздаш омад  | 
| وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّهُ يَزَّكَّىٰ (3) Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад  | 
| أَوْ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ الذِّكْرَىٰ (4) ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад  | 
| أَمَّا مَنِ اسْتَغْنَىٰ (5) Аммо он ки ӯ тавонгар аст  | 
| فَأَنتَ لَهُ تَصَدَّىٰ (6) ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ  | 
| وَمَا عَلَيْكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ (7) ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест  | 
| وَأَمَّا مَن جَاءَكَ يَسْعَىٰ (8) Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд  | 
| وَهُوَ يَخْشَىٰ (9) ва метарсад, (аз худо)  | 
| فَأَنتَ عَنْهُ تَلَهَّىٰ (10) ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ  | 
| كَلَّا إِنَّهَا تَذْكِرَةٌ (11) Оре, ин Қуръон пандест  | 
| فَمَن شَاءَ ذَكَرَهُ (12) пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад  | 
| فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ (13) Дар саҳифаҳое гиромӣ  | 
| مَّرْفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةٍ (14) баландқадру покиза  | 
| بِأَيْدِي سَفَرَةٍ (15) ба дасти котибоне  | 
| كِرَامٍ بَرَرَةٍ (16) бузургвору некӯкор  | 
| قُتِلَ الْإِنسَانُ مَا أَكْفَرَهُ (17) Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст  | 
| مِنْ أَيِّ شَيْءٍ خَلَقَهُ (18) Ӯро аз чӣ офаридааст  | 
| مِن نُّطْفَةٍ خَلَقَهُ فَقَدَّرَهُ (19) Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард  | 
| ثُمَّ السَّبِيلَ يَسَّرَهُ (20) сипас роҳашро осон сохт  | 
| ثُمَّ أَمَاتَهُ فَأَقْبَرَهُ (21) Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард  | 
| ثُمَّ إِذَا شَاءَ أَنشَرَهُ (22) Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад  | 
| كَلَّا لَمَّا يَقْضِ مَا أَمَرَهُ (23) На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст  | 
| فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ إِلَىٰ طَعَامِهِ (24) Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад  | 
| أَنَّا صَبَبْنَا الْمَاءَ صَبًّا (25) Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ  | 
| ثُمَّ شَقَقْنَا الْأَرْضَ شَقًّا (26) ва заминро шикофтем, шикофтанӣ  | 
| فَأَنبَتْنَا فِيهَا حَبًّا (27) ва дар он донаҳо рӯёнидем  | 
| وَعِنَبًا وَقَضْبًا (28) ва току сабзавот  | 
| وَزَيْتُونًا وَنَخْلًا (29) ва зайтуну нахл (дарахти хурмо)  | 
| وَحَدَائِقَ غُلْبًا (30) ва боғҳои пурдарахт  | 
| وَفَاكِهَةً وَأَبًّا (31) ва меваву алаф  | 
| مَّتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ (32) то шумову чорпоёнатон баҳра баред  | 
| فَإِذَا جَاءَتِ الصَّاخَّةُ (33) Чун бонги қиёмат барояд  | 
| يَوْمَ يَفِرُّ الْمَرْءُ مِنْ أَخِيهِ (34) рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад  | 
| وَأُمِّهِ وَأَبِيهِ (35) ва аз модарашу падараш  | 
| وَصَاحِبَتِهِ وَبَنِيهِ (36) ва аз занашу фарзандонаш  | 
| لِكُلِّ امْرِئٍ مِّنْهُمْ يَوْمَئِذٍ شَأْنٌ يُغْنِيهِ (37) Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад  | 
| وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ مُّسْفِرَةٌ (38) Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд  | 
| ضَاحِكَةٌ مُّسْتَبْشِرَةٌ (39) хандонанду шодонанд  | 
| وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ عَلَيْهَا غَبَرَةٌ (40) Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд  | 
| تَرْهَقُهَا قَتَرَةٌ (41) дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд  | 
| أُولَٰئِكَ هُمُ الْكَفَرَةُ الْفَجَرَةُ (42) Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон)  |