| وَالنَّازِعَاتِ غَرْقًا (1) Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд
 | 
| وَالنَّاشِطَاتِ نَشْطًا (2) ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд
 | 
| وَالسَّابِحَاتِ سَبْحًا (3) ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд
 | 
| فَالسَّابِقَاتِ سَبْقًا (4) ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон)
 | 
| فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا (5) ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд
 | 
| يَوْمَ تَرْجُفُ الرَّاجِفَةُ (6) ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад
 | 
| تَتْبَعُهَا الرَّادِفَةُ (7) ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд
 | 
| قُلُوبٌ يَوْمَئِذٍ وَاجِفَةٌ (8) дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд
 | 
| أَبْصَارُهَا خَاشِعَةٌ (9) ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён
 | 
| يَقُولُونَ أَإِنَّا لَمَرْدُودُونَ فِي الْحَافِرَةِ (10) Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем
 | 
| أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا نَّخِرَةً (11) он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»
 | 
| قَالُوا تِلْكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ (12) Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар
 | 
| فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ (13) Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд
 | 
| فَإِذَا هُم بِالسَّاهِرَةِ (14) ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт
 | 
| هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَىٰ (15) Оё достони Мӯсо ба ту расидааст
 | 
| إِذْ نَادَاهُ رَبُّهُ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى (16) Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод
 | 
| اذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ (17) «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст
 | 
| فَقُلْ هَل لَّكَ إِلَىٰ أَن تَزَكَّىٰ (18) Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ
 | 
| وَأَهْدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخْشَىٰ (19) ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?»
 | 
| فَأَرَاهُ الْآيَةَ الْكُبْرَىٰ (20) Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод
 | 
| فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ (21) Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард
 | 
| ثُمَّ أَدْبَرَ يَسْعَىٰ (22) Сипас пушт гардонду мешитофт
 | 
| فَحَشَرَ فَنَادَىٰ (23) Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод
 | 
| فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَىٰ (24) ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!»
 | 
| فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكَالَ الْآخِرَةِ وَالْأُولَىٰ (25) Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард
 | 
| إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِّمَن يَخْشَىٰ (26) Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад
 | 
| أَأَنتُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَمِ السَّمَاءُ ۚ بَنَاهَا (27) Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст
 | 
| رَفَعَ سَمْكَهَا فَسَوَّاهَا (28) Сақфашро барафрошт ва дуруст кард
 | 
| وَأَغْطَشَ لَيْلَهَا وَأَخْرَجَ ضُحَاهَا (29) шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт
 | 
| وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَٰلِكَ دَحَاهَا (30) ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард)
 | 
| أَخْرَجَ مِنْهَا مَاءَهَا وَمَرْعَاهَا (31) ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
 | 
| وَالْجِبَالَ أَرْسَاهَا (32) ва кӯҳҳоро устувор гардонид
 | 
| مَتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ (33) барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон
 | 
| فَإِذَا جَاءَتِ الطَّامَّةُ الْكُبْرَىٰ (34) Чун он ҳодисаи бузург даррасад
 | 
| يَوْمَ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ مَا سَعَىٰ (35) рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад
 | 
| وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ (36) ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд
 | 
| فَأَمَّا مَن طَغَىٰ (37) Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)
 | 
| وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا (38) ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад
 | 
| فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَىٰ (39) ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст
 | 
| وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَىٰ (40) Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад
 | 
| فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَىٰ (41) биҳишт ҷойгоҳи ӯст
 | 
| يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا (42) Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад
 | 
| فِيمَ أَنتَ مِن ذِكْرَاهَا (43) Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст
 | 
| إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَاهَا (44) Интиҳои илми он назди Парвардигори туст
 | 
| إِنَّمَا أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخْشَاهَا (45) Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ
 | 
| كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَهَا لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا عَشِيَّةً أَوْ ضُحَاهَا (46) Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд
 |