القرآن باللغة الطاجيكية - سورة النبأ مترجمة إلى اللغة الطاجيكية، Surah An Naba in Tajik. نوفر ترجمة دقيقة سورة النبأ باللغة الطاجيكية - Tajik, الآيات 40 - رقم السورة 78 - الصفحة 582.
عَمَّ يَتَسَاءَلُونَ (1) Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд |
عَنِ النَّبَإِ الْعَظِيمِ (2) Аз он хабари бузург, (қиёмат) |
الَّذِي هُمْ فِيهِ مُخْتَلِفُونَ (3) ки дар он ихтилоф мекунанд |
كَلَّا سَيَعْلَمُونَ (4) Оре, ба зудӣ хоҳад донист |
ثُمَّ كَلَّا سَيَعْلَمُونَ (5) Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист |
أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ مِهَادًا (6) Оё Мо заминрро бистаре насохтем |
وَالْجِبَالَ أَوْتَادًا (7) Ва кӯҳҳоро мехҳое |
وَخَلَقْنَاكُمْ أَزْوَاجًا (8) Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем |
وَجَعَلْنَا نَوْمَكُمْ سُبَاتًا (9) Ва хобатонро оссишатон гардонидем |
وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ لِبَاسًا (10) Ва шабро пӯшишатон қарор додем |
وَجَعَلْنَا النَّهَارَ مَعَاشًا (11) Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб) |
وَبَنَيْنَا فَوْقَكُمْ سَبْعًا شِدَادًا (12) Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем |
وَجَعَلْنَا سِرَاجًا وَهَّاجًا (13) Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб) |
وَأَنزَلْنَا مِنَ الْمُعْصِرَاتِ مَاءً ثَجَّاجًا (14) Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем |
لِّنُخْرِجَ بِهِ حَبًّا وَنَبَاتًا (15) то бо он донаву набот бирӯёнем |
وَجَنَّاتٍ أَلْفَافًا (16) ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт) |
إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ كَانَ مِيقَاتًا (17) Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян |
يَوْمَ يُنفَخُ فِي الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْوَاجًا (18) Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед |
وَفُتِحَتِ السَّمَاءُ فَكَانَتْ أَبْوَابًا (19) Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад |
وَسُيِّرَتِ الْجِبَالُ فَكَانَتْ سَرَابًا (20) Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд |
إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتْ مِرْصَادًا (21) Ҷаҳаннам дар интизор бошад |
لِّلطَّاغِينَ مَآبًا (22) Саркашонро бозгаштангоҳест |
لَّابِثِينَ فِيهَا أَحْقَابًا (23) Замоне дароз дар он ҷо бошанд |
لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرْدًا وَلَا شَرَابًا (24) На хунукӣ чашанду на об |
إِلَّا حَمِيمًا وَغَسَّاقًا (25) фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд) |
جَزَاءً وِفَاقًا (26) Ин ҷазоест мувофиқи кирдор |
إِنَّهُمْ كَانُوا لَا يَرْجُونَ حِسَابًا (27) Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд |
وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كِذَّابًا (28) Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд |
وَكُلَّ شَيْءٍ أَحْصَيْنَاهُ كِتَابًا (29) Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем |
فَذُوقُوا فَلَن نَّزِيدَكُمْ إِلَّا عَذَابًا (30) Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд |
إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ مَفَازًا (31) Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб |
حَدَائِقَ وَأَعْنَابًا (32) бӯстонҳову токистонҳо |
وَكَوَاعِبَ أَتْرَابًا (33) ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада |
وَكَأْسًا دِهَاقًا (34) ва ҷомҳои пур |
لَّا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا كِذَّابًا (35) На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ |
جَزَاءً مِّن رَّبِّكَ عَطَاءً حِسَابًا (36) ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат— |
رَّبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا الرَّحْمَٰنِ ۖ لَا يَمْلِكُونَ مِنْهُ خِطَابًا (37) Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад |
يَوْمَ يَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلَائِكَةُ صَفًّا ۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَٰنُ وَقَالَ صَوَابًا (38) рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд |
ذَٰلِكَ الْيَوْمُ الْحَقُّ ۖ فَمَن شَاءَ اتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِ مَآبًا (39) Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад |
إِنَّا أَنذَرْنَاكُمْ عَذَابًا قَرِيبًا يَوْمَ يَنظُرُ الْمَرْءُ مَا قَدَّمَتْ يَدَاهُ وَيَقُولُ الْكَافِرُ يَا لَيْتَنِي كُنتُ تُرَابًا (40) Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!» |