| اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانشَقَّ الْقَمَرُ (1) Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид
 | 
| وَإِن يَرَوْا آيَةً يُعْرِضُوا وَيَقُولُوا سِحْرٌ مُّسْتَمِرٌّ (2) Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!»
 | 
| وَكَذَّبُوا وَاتَّبَعُوا أَهْوَاءَهُمْ ۚ وَكُلُّ أَمْرٍ مُّسْتَقِرٌّ (3) Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст
 | 
| وَلَقَدْ جَاءَهُم مِّنَ الْأَنبَاءِ مَا فِيهِ مُزْدَجَرٌ (4) Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст
 | 
| حِكْمَةٌ بَالِغَةٌ ۖ فَمَا تُغْنِ النُّذُرُ (5) Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд
 | 
| فَتَوَلَّ عَنْهُمْ ۘ يَوْمَ يَدْعُ الدَّاعِ إِلَىٰ شَيْءٍ نُّكُرٍ (6) Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав
 | 
| خُشَّعًا أَبْصَارُهُمْ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ كَأَنَّهُمْ جَرَادٌ مُّنتَشِرٌ (7) Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд
 | 
| مُّهْطِعِينَ إِلَى الدَّاعِ ۖ يَقُولُ الْكَافِرُونَ هَٰذَا يَوْمٌ عَسِرٌ (8) Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»
 | 
| ۞ كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ فَكَذَّبُوا عَبْدَنَا وَقَالُوا مَجْنُونٌ وَازْدُجِرَ (9) Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд
 | 
| فَدَعَا رَبَّهُ أَنِّي مَغْلُوبٌ فَانتَصِرْ (10) Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»
 | 
| فَفَتَحْنَا أَبْوَابَ السَّمَاءِ بِمَاءٍ مُّنْهَمِرٍ (11) Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем
 | 
| وَفَجَّرْنَا الْأَرْضَ عُيُونًا فَالْتَقَى الْمَاءُ عَلَىٰ أَمْرٍ قَدْ قُدِرَ (12) Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад
 | 
| وَحَمَلْنَاهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلْوَاحٍ وَدُسُرٍ (13) Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем
 | 
| تَجْرِي بِأَعْيُنِنَا جَزَاءً لِّمَن كَانَ كُفِرَ (14) Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт
 | 
| وَلَقَد تَّرَكْنَاهَا آيَةً فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ (15) Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст
 | 
| فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ (16) Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
 | 
| وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ (17) Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
 | 
| كَذَّبَتْ عَادٌ فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ (18) Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
 | 
| إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِي يَوْمِ نَحْسٍ مُّسْتَمِرٍّ (19) Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем
 | 
| تَنزِعُ النَّاسَ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ مُّنقَعِرٍ (20) ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд
 | 
| فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ (21) Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
 | 
| وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ (22) Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
 | 
| كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِالنُّذُرِ (23) Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд
 | 
| فَقَالُوا أَبَشَرًا مِّنَّا وَاحِدًا نَّتَّبِعُهُ إِنَّا إِذًا لَّفِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ (24) Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем
 | 
| أَأُلْقِيَ الذِّكْرُ عَلَيْهِ مِن بَيْنِنَا بَلْ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٌ (25) Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст»
 | 
| سَيَعْلَمُونَ غَدًا مَّنِ الْكَذَّابُ الْأَشِرُ (26) Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист
 | 
| إِنَّا مُرْسِلُو النَّاقَةِ فِتْنَةً لَّهُمْ فَارْتَقِبْهُمْ وَاصْطَبِرْ (27) Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун
 | 
| وَنَبِّئْهُمْ أَنَّ الْمَاءَ قِسْمَةٌ بَيْنَهُمْ ۖ كُلُّ شِرْبٍ مُّحْتَضَرٌ (28) Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад
 | 
| فَنَادَوْا صَاحِبَهُمْ فَتَعَاطَىٰ فَعَقَرَ (29) Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт
 | 
| فَكَيْفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ (30) Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
 | 
| إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ صَيْحَةً وَاحِدَةً فَكَانُوا كَهَشِيمِ الْمُحْتَظِرِ (31) Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд
 | 
| وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ (32) Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
 | 
| كَذَّبَتْ قَوْمُ لُوطٍ بِالنُّذُرِ (33) Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд
 | 
| إِنَّا أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ حَاصِبًا إِلَّا آلَ لُوطٍ ۖ نَّجَّيْنَاهُم بِسَحَرٍ (34) Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем
 | 
| نِّعْمَةً مِّنْ عِندِنَا ۚ كَذَٰلِكَ نَجْزِي مَن شَكَرَ (35) Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем
 | 
| وَلَقَدْ أَنذَرَهُم بَطْشَتَنَا فَتَمَارَوْا بِالنُّذُرِ (36) Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд
 | 
| وَلَقَدْ رَاوَدُوهُ عَن ضَيْفِهِ فَطَمَسْنَا أَعْيُنَهُمْ فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ (37) Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро
 | 
| وَلَقَدْ صَبَّحَهُم بُكْرَةً عَذَابٌ مُّسْتَقِرٌّ (38) Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад
 | 
| فَذُوقُوا عَذَابِي وَنُذُرِ (39) Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед
 | 
| وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ (40) Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
 | 
| وَلَقَدْ جَاءَ آلَ فِرْعَوْنَ النُّذُرُ (41) Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд
 | 
| كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا كُلِّهَا فَأَخَذْنَاهُمْ أَخْذَ عَزِيزٍ مُّقْتَدِرٍ (42) Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат
 | 
| أَكُفَّارُكُمْ خَيْرٌ مِّنْ أُولَٰئِكُمْ أَمْ لَكُم بَرَاءَةٌ فِي الزُّبُرِ (43) Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед
 | 
| أَمْ يَقُولُونَ نَحْنُ جَمِيعٌ مُّنتَصِرٌ (44) Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем
 | 
| سَيُهْزَمُ الْجَمْعُ وَيُوَلُّونَ الدُّبُرَ (45) Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд
 | 
| بَلِ السَّاعَةُ مَوْعِدُهُمْ وَالسَّاعَةُ أَدْهَىٰ وَأَمَرُّ (46) Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст
 | 
| إِنَّ الْمُجْرِمِينَ فِي ضَلَالٍ وَسُعُرٍ (47) Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд
 | 
| يَوْمَ يُسْحَبُونَ فِي النَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمْ ذُوقُوا مَسَّ سَقَرَ (48) Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)
 | 
| إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ (49) Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем
 | 
| وَمَا أَمْرُنَا إِلَّا وَاحِدَةٌ كَلَمْحٍ بِالْبَصَرِ (50) Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест
 | 
| وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا أَشْيَاعَكُمْ فَهَلْ مِن مُّدَّكِرٍ (51) Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст
 | 
| وَكُلُّ شَيْءٍ فَعَلُوهُ فِي الزُّبُرِ (52) Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост
 | 
| وَكُلُّ صَغِيرٍ وَكَبِيرٍ مُّسْتَطَرٌ (53) Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст
 | 
| إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَنَهَرٍ (54) Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд
 | 
| فِي مَقْعَدِ صِدْقٍ عِندَ مَلِيكٍ مُّقْتَدِرٍ (55) дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно
 |