وَالذَّارِيَاتِ ذَرْوًا (1) Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд |
فَالْحَامِلَاتِ وِقْرًا (2) савганд, ба абрҳои гаронбор |
فَالْجَارِيَاتِ يُسْرًا (3) савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд |
فَالْمُقَسِّمَاتِ أَمْرًا (4) ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд |
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ (5) ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст |
وَإِنَّ الدِّينَ لَوَاقِعٌ (6) ва рӯзи ҷазо омаданист |
وَالسَّمَاءِ ذَاتِ الْحُبُكِ (7) Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст |
إِنَّكُمْ لَفِي قَوْلٍ مُّخْتَلِفٍ (8) ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед |
يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ (9) Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд |
قُتِلَ الْخَرَّاصُونَ (10) Марг бод бар он дурӯғгӯён |
الَّذِينَ هُمْ فِي غَمْرَةٍ سَاهُونَ (11) онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд |
يَسْأَلُونَ أَيَّانَ يَوْمُ الدِّينِ (12) Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?» |
يَوْمَ هُمْ عَلَى النَّارِ يُفْتَنُونَ (13) Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд |
ذُوقُوا فِتْنَتَكُمْ هَٰذَا الَّذِي كُنتُم بِهِ تَسْتَعْجِلُونَ (14) «Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!» |
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ (15) Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд |
آخِذِينَ مَا آتَاهُمْ رَبُّهُمْ ۚ إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُحْسِنِينَ (16) Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд |
كَانُوا قَلِيلًا مِّنَ اللَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ (17) андаке аз шабро мехобиданд |
وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ (18) ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд |
وَفِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ لِّلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ (19) ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд |
وَفِي الْأَرْضِ آيَاتٌ لِّلْمُوقِنِينَ (20) Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест |
وَفِي أَنفُسِكُمْ ۚ أَفَلَا تُبْصِرُونَ (21) ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед |
وَفِي السَّمَاءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ (22) Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст |
فَوَرَبِّ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ إِنَّهُ لَحَقٌّ مِّثْلَ مَا أَنَّكُمْ تَنطِقُونَ (23) Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст |
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَاهِيمَ الْمُكْرَمِينَ (24) Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст |
إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقَالُوا سَلَامًا ۖ قَالَ سَلَامٌ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ (25) Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношинохтаед!» |
فَرَاغَ إِلَىٰ أَهْلِهِ فَجَاءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ (26) Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард |
فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ (27) Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?» |
فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً ۖ قَالُوا لَا تَخَفْ ۖ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَامٍ عَلِيمٍ (28) Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд |
فَأَقْبَلَتِ امْرَأَتُهُ فِي صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ (29) Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям» |
قَالُوا كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ ۖ إِنَّهُ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ (30) Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!» |
۞ قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا الْمُرْسَلُونَ (31) Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?» |
قَالُوا إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَىٰ قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ (32) Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд |
لِنُرْسِلَ عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِّن طِينٍ (33) то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем |
مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ لِلْمُسْرِفِينَ (34) ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд» |
فَأَخْرَجْنَا مَن كَانَ فِيهَا مِنَ الْمُؤْمِنِينَ (35) Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем |
فَمَا وَجَدْنَا فِيهَا غَيْرَ بَيْتٍ مِّنَ الْمُسْلِمِينَ (36) Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем |
وَتَرَكْنَا فِيهَا آيَةً لِّلَّذِينَ يَخَافُونَ الْعَذَابَ الْأَلِيمَ (37) Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем |
وَفِي مُوسَىٰ إِذْ أَرْسَلْنَاهُ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ (38) Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем |
فَتَوَلَّىٰ بِرُكْنِهِ وَقَالَ سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ (39) Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!» |
فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٌ (40) Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд |
وَفِي عَادٍ إِذْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ الرِّيحَ الْعَقِيمَ (41) Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем |
مَا تَذَرُ مِن شَيْءٍ أَتَتْ عَلَيْهِ إِلَّا جَعَلَتْهُ كَالرَّمِيمِ (42) Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт |
وَفِي ثَمُودَ إِذْ قِيلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا حَتَّىٰ حِينٍ (43) Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед» |
فَعَتَوْا عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ الصَّاعِقَةُ وَهُمْ يَنظُرُونَ (44) Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон |
فَمَا اسْتَطَاعُوا مِن قِيَامٍ وَمَا كَانُوا مُنتَصِرِينَ (45) Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд |
وَقَوْمَ نُوحٍ مِّن قَبْلُ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ (46) Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд |
وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ (47) Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем |
وَالْأَرْضَ فَرَشْنَاهَا فَنِعْمَ الْمَاهِدُونَ (48) Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем |
وَمِن كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ (49) Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред |
فَفِرُّوا إِلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ مُّبِينٌ (50) Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам |
وَلَا تَجْعَلُوا مَعَ اللَّهِ إِلَٰهًا آخَرَ ۖ إِنِّي لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ مُّبِينٌ (51) Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам |
كَذَٰلِكَ مَا أَتَى الَّذِينَ مِن قَبْلِهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا قَالُوا سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ (52) Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!» |
أَتَوَاصَوْا بِهِ ۚ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ (53) Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд |
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَمَا أَنتَ بِمَلُومٍ (54) Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард |
وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَىٰ تَنفَعُ الْمُؤْمِنِينَ (55) Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад |
وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ (56) Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам |
مَا أُرِيدُ مِنْهُم مِّن رِّزْقٍ وَمَا أُرِيدُ أَن يُطْعِمُونِ (57) Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд) |
إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ (58) Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор |
فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا ذَنُوبًا مِّثْلَ ذَنُوبِ أَصْحَابِهِمْ فَلَا يَسْتَعْجِلُونِ (59) Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд |
فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ كَفَرُوا مِن يَوْمِهِمُ الَّذِي يُوعَدُونَ (60) Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд |