| وَيْلٌ لِّلْمُطَفِّفِينَ (1) Вой бар камфурӯшон
 | 
| الَّذِينَ إِذَا اكْتَالُوا عَلَى النَّاسِ يَسْتَوْفُونَ (2) онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд
 | 
| وَإِذَا كَالُوهُمْ أَو وَّزَنُوهُمْ يُخْسِرُونَ (3) ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд
 | 
| أَلَا يَظُنُّ أُولَٰئِكَ أَنَّهُم مَّبْعُوثُونَ (4) Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд
 | 
| لِيَوْمٍ عَظِيمٍ (5) дар он рӯзи бузург
 | 
| يَوْمَ يَقُومُ النَّاسُ لِرَبِّ الْعَالَمِينَ (6) Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд
 | 
| كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ (7) Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст
 | 
| وَمَا أَدْرَاكَ مَا سِجِّينٌ (8) Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист
 | 
| كِتَابٌ مَّرْقُومٌ (9) Китобест навишта
 | 
| وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ (10) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)
 | 
| الَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ (11) онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд
 | 
| وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ (12) Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад
 | 
| إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ (13) Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!»
 | 
| كَلَّا ۖ بَلْ ۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُوا يَكْسِبُونَ (14) Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст
 | 
| كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ (15) Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд
 | 
| ثُمَّ إِنَّهُمْ لَصَالُو الْجَحِيمِ (16) Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд
 | 
| ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا الَّذِي كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ (17) Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
 | 
| كَلَّا إِنَّ كِتَابَ الْأَبْرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ (18) Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст
 | 
| وَمَا أَدْرَاكَ مَا عِلِّيُّونَ (19) Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист
 | 
| كِتَابٌ مَّرْقُومٌ (20) Китобест навишта
 | 
| يَشْهَدُهُ الْمُقَرَّبُونَ (21) Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд
 | 
| إِنَّ الْأَبْرَارَ لَفِي نَعِيمٍ (22) Албатта некон дар неъматанд
 | 
| عَلَى الْأَرَائِكِ يَنظُرُونَ (23) бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд
 | 
| تَعْرِفُ فِي وُجُوهِهِمْ نَضْرَةَ النَّعِيمِ (24) Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ
 | 
| يُسْقَوْنَ مِن رَّحِيقٍ مَّخْتُومٍ (25) Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд
 | 
| خِتَامُهُ مِسْكٌ ۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلْيَتَنَافَسِ الْمُتَنَافِسُونَ (26) Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд
 | 
| وَمِزَاجُهُ مِن تَسْنِيمٍ (27) Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта)
 | 
| عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا الْمُقَرَّبُونَ (28) чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд
 | 
| إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُوا كَانُوا مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا يَضْحَكُونَ (29) Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд
 | 
| وَإِذَا مَرُّوا بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ (30) Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара)
 | 
| وَإِذَا انقَلَبُوا إِلَىٰ أَهْلِهِمُ انقَلَبُوا فَكِهِينَ (31) ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд
 | 
| وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُوا إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَضَالُّونَ (32) Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд
 | 
| وَمَا أُرْسِلُوا عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ (33) Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд
 | 
| فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ (34) Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд
 | 
| عَلَى الْأَرَائِكِ يَنظُرُونَ (35) бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд
 | 
| هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُوا يَفْعَلُونَ (36) Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд
 |