The Quran in Tajik - Surah Qiyamah translated into Tajik, Surah Al-Qiyamah in Tajik. We provide accurate translation of Surah Qiyamah in Tajik - الطاجيكية, Verses 40 - Surah Number 75 - Page 577.
لَا أُقْسِمُ بِيَوْمِ الْقِيَامَةِ (1) Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат |
وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ (2) ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар |
أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَلَّن نَّجْمَعَ عِظَامَهُ (3) Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард |
بَلَىٰ قَادِرِينَ عَلَىٰ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ (4) Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем |
بَلْ يُرِيدُ الْإِنسَانُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُ (5) Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад |
يَسْأَلُ أَيَّانَ يَوْمُ الْقِيَامَةِ (6) Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» |
فَإِذَا بَرِقَ الْبَصَرُ (7) Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад |
وَخَسَفَ الْقَمَرُ (8) ва моҳ тира шавад |
وَجُمِعَ الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ (9) ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд |
يَقُولُ الْإِنسَانُ يَوْمَئِذٍ أَيْنَ الْمَفَرُّ (10) Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?» |
كَلَّا لَا وَزَرَ (11) Ҳаргиз паноҳгоҳе нест |
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ الْمُسْتَقَرُّ (12) Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст |
يُنَبَّأُ الْإِنسَانُ يَوْمَئِذٍ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ (13) Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд |
بَلِ الْإِنسَانُ عَلَىٰ نَفْسِهِ بَصِيرَةٌ (14) Балки одамӣ худро нек мешиносад |
وَلَوْ أَلْقَىٰ مَعَاذِيرَهُ (15) ҳарчанд ба забон узрҳо оварад |
لَا تُحَرِّكْ بِهِ لِسَانَكَ لِتَعْجَلَ بِهِ (16) Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон |
إِنَّ عَلَيْنَا جَمْعَهُ وَقُرْآنَهُ (17) ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост |
فَإِذَا قَرَأْنَاهُ فَاتَّبِعْ قُرْآنَهُ (18) Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун |
ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا بَيَانَهُ (19) Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост |
كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ الْعَاجِلَةَ (20) Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред |
وَتَذَرُونَ الْآخِرَةَ (21) ва охиратро тарк мекунед |
وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ (22) Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон |
إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌ (23) ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд |
وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ بَاسِرَةٌ (24) ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш |
تَظُنُّ أَن يُفْعَلَ بِهَا فَاقِرَةٌ (25) ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд |
كَلَّا إِذَا بَلَغَتِ التَّرَاقِيَ (26) Оре, чун ҷон ба гулӯ расад |
وَقِيلَ مَنْ ۜ رَاقٍ (27) ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад |
وَظَنَّ أَنَّهُ الْفِرَاقُ (28) Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида |
وَالْتَفَّتِ السَّاقُ بِالسَّاقِ (29) ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд |
إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ الْمَسَاقُ (30) он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст |
فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ (31) На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст |
وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ (32) Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст |
ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰ أَهْلِهِ يَتَمَطَّىٰ (33) Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст |
أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ (34) Вой бар ту, пас вой бар ту |
ثُمَّ أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ (35) Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту |
أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَن يُتْرَكَ سُدًى (36) Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд |
أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمْنَىٰ (37) Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст |
ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ (38) Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид |
فَجَعَلَ مِنْهُ الزَّوْجَيْنِ الذَّكَرَ وَالْأُنثَىٰ (39) Ва онҳоро ду синф кард: нару мода |
أَلَيْسَ ذَٰلِكَ بِقَادِرٍ عَلَىٰ أَن يُحْيِيَ الْمَوْتَىٰ (40) Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад |