The Quran in Tajik - Surah Maarij translated into Tajik, Surah Al-Maarij in Tajik. We provide accurate translation of Surah Maarij in Tajik - الطاجيكية, Verses 44 - Surah Number 70 - Page 568.

| سَأَلَ سَائِلٌ بِعَذَابٍ وَاقِعٍ (1) Пурсандае аз азобе пурсид, ки |
| لِّلْكَافِرِينَ لَيْسَ لَهُ دَافِعٌ (2) бар кофирон фуруд хоҳад омад ва кас онро дафъ натавонад кард |
| مِّنَ اللَّهِ ذِي الْمَعَارِجِ (3) аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост |
| تَعْرُجُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ إِلَيْهِ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ (4) Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ ба он ҷо боло раванд |
| فَاصْبِرْ صَبْرًا جَمِيلًا (5) Пас сабр кун, сабре некӯ |
| إِنَّهُمْ يَرَوْنَهُ بَعِيدًا (6) Онҳо он рӯзро дур мебинанд |
| وَنَرَاهُ قَرِيبًا (7) ва мо наздикаш мебинем |
| يَوْمَ تَكُونُ السَّمَاءُ كَالْمُهْلِ (8) рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад |
| وَتَكُونُ الْجِبَالُ كَالْعِهْنِ (9) ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ) |
| وَلَا يَسْأَلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا (10) ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад |
| يُبَصَّرُونَهُمْ ۚ يَوَدُّ الْمُجْرِمُ لَوْ يَفْتَدِي مِنْ عَذَابِ يَوْمِئِذٍ بِبَنِيهِ (11) якдигарро баробари чашмашон оранд. Гуноҳкор дӯст дорад, ки худашро бозхарад ба фарзандонаш |
| وَصَاحِبَتِهِ وَأَخِيهِ (12) ва занаш ва бародараш |
| وَفَصِيلَتِهِ الَّتِي تُؤْوِيهِ (13) ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст |
| وَمَن فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنجِيهِ (14) ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд ва наҷот ёбад |
| كَلَّا ۖ إِنَّهَا لَظَىٰ (15) Ҳаргиз на, ки он шӯълаи оташ аст |
| نَزَّاعَةً لِّلشَّوَىٰ (16) пӯсти сарро меканад |
| تَدْعُو مَنْ أَدْبَرَ وَتَوَلَّىٰ (17) ҳар киро, ки ба ҳақ пушт кард ва аз фармон сар печид, ба тарафи худ мехонад |
| وَجَمَعَ فَأَوْعَىٰ (18) ва онро, ки ҷамъ меоварду ҷой мекард |
| ۞ إِنَّ الْإِنسَانَ خُلِقَ هَلُوعًا (19) Албатта одамиро ҳарису бесабр офаридаанд |
| إِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ جَزُوعًا (20) Чун бадие ба ӯ расад, беқарорӣ кунад |
| وَإِذَا مَسَّهُ الْخَيْرُ مَنُوعًا (21) Ва чун моле ба дасташ афтад бахилӣ мекунад |
| إِلَّا الْمُصَلِّينَ (22) магар намозгузорандагон |
| الَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ دَائِمُونَ (23) онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд |
| وَالَّذِينَ فِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ مَّعْلُومٌ (24) ва онон, ки дар молҳояшон ҳаққест муъайян |
| لِّلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ (25) барои гадову маҳрум |
| وَالَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوْمِ الدِّينِ (26) ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд |
| وَالَّذِينَ هُم مِّنْ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشْفِقُونَ (27) ва касоне, ки аз азбоби Парвардигорашон тарсонанд |
| إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمْ غَيْرُ مَأْمُونٍ (28) ки аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд |
| وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ (29) ва касоне, ки шармгоҳи худ нигаҳ медоранд |
| إِلَّا عَلَىٰ أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ (30) магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, маломате бар онҳо нест |
| فَمَنِ ابْتَغَىٰ وَرَاءَ ذَٰلِكَ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْعَادُونَ (31) Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд |
| وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ (32) Ва касоне, ки амонатҳову аҳдхои худро риъоят мекунанд |
| وَالَّذِينَ هُم بِشَهَادَاتِهِمْ قَائِمُونَ (33) ва касоне, ки шоҳидии худ ба ҳақ адо мекунанд |
| وَالَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ (34) ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд |
| أُولَٰئِكَ فِي جَنَّاتٍ مُّكْرَمُونَ (35) инҳо дар биҳишт гиромн ҳастанд |
| فَمَالِ الَّذِينَ كَفَرُوا قِبَلَكَ مُهْطِعِينَ (36) Пас чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд |
| عَنِ الْيَمِينِ وَعَنِ الشِّمَالِ عِزِينَ (37) Даста-даста аз ҷониби чапу, аз ҷониби рост |
| أَيَطْمَعُ كُلُّ امْرِئٍ مِّنْهُمْ أَن يُدْخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٍ (38) Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад |
| كَلَّا ۖ إِنَّا خَلَقْنَاهُم مِّمَّا يَعْلَمُونَ (39) Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд,, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем |
| فَلَا أُقْسِمُ بِرَبِّ الْمَشَارِقِ وَالْمَغَارِبِ إِنَّا لَقَادِرُونَ (40) Пас савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо тавоноем |
| عَلَىٰ أَن نُّبَدِّلَ خَيْرًا مِّنْهُمْ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ (41) ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем |
| فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا وَيَلْعَبُوا حَتَّىٰ يُلَاقُوا يَوْمَهُمُ الَّذِي يُوعَدُونَ (42) Пас бигузорашон то ба беҳудагӣ машғул шаванду ба бозича, то ба он рӯзе, ки ваъдаашон додаем, бирасанд |
| يَوْمَ يَخْرُجُونَ مِنَ الْأَجْدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمْ إِلَىٰ نُصُبٍ يُوفِضُونَ (43) рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд |
| خَاشِعَةً أَبْصَارُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ ۚ ذَٰلِكَ الْيَوْمُ الَّذِي كَانُوا يُوعَدُونَ (44) ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда ва ба хори афтодаанд: ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода буданд |