The Quran in Tajik - Surah Ad Dukhaan translated into Tajik, Surah Ad-Dukhaan in Tajik. We provide accurate translation of Surah Ad Dukhaan in Tajik - الطاجيكية, Verses 59 - Surah Number 44 - Page 496.

| حم (1) Ҳо, мим |
| وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ (2) Савганд ба ин китоби равшангар |
| إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ ۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ (3) Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем |
| فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ (4) Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад |
| أَمْرًا مِّنْ عِندِنَا ۚ إِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ (5) фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем |
| رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ (6) Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно |
| رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ (7) Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед |
| لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۖ رَبُّكُمْ وَرَبُّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ (8) Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост |
| بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ يَلْعَبُونَ (9) На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд |
| فَارْتَقِبْ يَوْمَ تَأْتِي السَّمَاءُ بِدُخَانٍ مُّبِينٍ (10) Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад |
| يَغْشَى النَّاسَ ۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٌ (11) Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар |
| رَّبَّنَا اكْشِفْ عَنَّا الْعَذَابَ إِنَّا مُؤْمِنُونَ (12) «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем» |
| أَنَّىٰ لَهُمُ الذِّكْرَىٰ وَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مُّبِينٌ (13) Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд |
| ثُمَّ تَوَلَّوْا عَنْهُ وَقَالُوا مُعَلَّمٌ مَّجْنُونٌ (14) аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!» |
| إِنَّا كَاشِفُو الْعَذَابِ قَلِيلًا ۚ إِنَّكُمْ عَائِدُونَ (15) Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед |
| يَوْمَ نَبْطِشُ الْبَطْشَةَ الْكُبْرَىٰ إِنَّا مُنتَقِمُونَ (16) Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем |
| ۞ وَلَقَدْ فَتَنَّا قَبْلَهُمْ قَوْمَ فِرْعَوْنَ وَجَاءَهُمْ رَسُولٌ كَرِيمٌ (17) Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад |
| أَنْ أَدُّوا إِلَيَّ عِبَادَ اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ (18) «ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам |
| وَأَن لَّا تَعْلُوا عَلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي آتِيكُم بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ (19) Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам |
| وَإِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمْ أَن تَرْجُمُونِ (20) Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам |
| وَإِن لَّمْ تُؤْمِنُوا لِي فَاعْتَزِلُونِ (21) ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред» |
| فَدَعَا رَبَّهُ أَنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ مُّجْرِمُونَ (22) Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд) |
| فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ (23) Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд |
| وَاتْرُكِ الْبَحْرَ رَهْوًا ۖ إِنَّهُمْ جُندٌ مُّغْرَقُونَ (24) Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд |
| كَمْ تَرَكُوا مِن جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ (25) Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд |
| وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ (26) ва киштзорҳову хонаҳои некӯ |
| وَنَعْمَةٍ كَانُوا فِيهَا فَاكِهِينَ (27) ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд |
| كَذَٰلِكَ ۖ وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِينَ (28) Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем |
| فَمَا بَكَتْ عَلَيْهِمُ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ وَمَا كَانُوا مُنظَرِينَ (29) На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд |
| وَلَقَدْ نَجَّيْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنَ الْعَذَابِ الْمُهِينِ (30) Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем |
| مِن فِرْعَوْنَ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَالِيًا مِّنَ الْمُسْرِفِينَ (31) аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда |
| وَلَقَدِ اخْتَرْنَاهُمْ عَلَىٰ عِلْمٍ عَلَى الْعَالَمِينَ (32) ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем |
| وَآتَيْنَاهُم مِّنَ الْآيَاتِ مَا فِيهِ بَلَاءٌ مُّبِينٌ (33) Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд |
| إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَيَقُولُونَ (34) Албатта инҳо мегӯянд |
| إِنْ هِيَ إِلَّا مَوْتَتُنَا الْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُنشَرِينَ (35) «Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем |
| فَأْتُوا بِآبَائِنَا إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ (36) Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред» |
| أَهُمْ خَيْرٌ أَمْ قَوْمُ تُبَّعٍ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۚ أَهْلَكْنَاهُمْ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ (37) Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд |
| وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ (38) Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем |
| مَا خَلَقْنَاهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ (39) Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд |
| إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ مِيقَاتُهُمْ أَجْمَعِينَ (40) Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст |
| يَوْمَ لَا يُغْنِي مَوْلًى عَن مَّوْلًى شَيْئًا وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ (41) Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад |
| إِلَّا مَن رَّحِمَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ (42) ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон |
| إِنَّ شَجَرَتَ الزَّقُّومِ (43) Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум |
| طَعَامُ الْأَثِيمِ (44) таъоми гуноҳкорон аст |
| كَالْمُهْلِ يَغْلِي فِي الْبُطُونِ (45) Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад |
| كَغَلْيِ الْحَمِيمِ (46) Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон |
| خُذُوهُ فَاعْتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَاءِ الْجَحِيمِ (47) Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед |
| ثُمَّ صُبُّوا فَوْقَ رَأْسِهِ مِنْ عَذَابِ الْحَمِيمِ (48) ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад |
| ذُقْ إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْكَرِيمُ (49) Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ |
| إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِ تَمْتَرُونَ (50) Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед |
| إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٍ (51) Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд |
| فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ (52) дар боғҳову чашмасорҳо |
| يَلْبَسُونَ مِن سُندُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُّتَقَابِلِينَ (53) либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд |
| كَذَٰلِكَ وَزَوَّجْنَاهُم بِحُورٍ عِينٍ (54) Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем |
| يَدْعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَاكِهَةٍ آمِنِينَ (55) Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд |
| لَا يَذُوقُونَ فِيهَا الْمَوْتَ إِلَّا الْمَوْتَةَ الْأُولَىٰ ۖ وَوَقَاهُمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ (56) Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст |
| فَضْلًا مِّن رَّبِّكَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ (57) Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест |
| فَإِنَّمَا يَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ (58) Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд |
| فَارْتَقِبْ إِنَّهُم مُّرْتَقِبُونَ (59) Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд |