The Quran in Tajik - Surah Waqiah translated into Tajik, Surah Al-Waqiah in Tajik. We provide accurate translation of Surah Waqiah in Tajik - الطاجيكية, Verses 96 - Surah Number 56 - Page 534.

| إِذَا وَقَعَتِ الْوَاقِعَةُ (1) Чун қиёмат воқеъ шавад | 
| لَيْسَ لِوَقْعَتِهَا كَاذِبَةٌ (2) ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест | 
| خَافِضَةٌ رَّافِعَةٌ (3) гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда | 
| إِذَا رُجَّتِ الْأَرْضُ رَجًّا (4) Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад | 
| وَبُسَّتِ الْجِبَالُ بَسًّا (5) ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд | 
| فَكَانَتْ هَبَاءً مُّنبَثًّا (6) ва чун ғуборе пароканда гарданд | 
| وَكُنتُمْ أَزْوَاجًا ثَلَاثَةً (7) шумо се гурӯҳ бошед | 
| فَأَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ مَا أَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ (8) яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд | 
| وَأَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ مَا أَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ (9) Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд | 
| وَالسَّابِقُونَ السَّابِقُونَ (10) Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат) | 
| أُولَٰئِكَ الْمُقَرَّبُونَ (11) Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд) | 
| فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ (12) дар биҳиштҳои пурнеъмат | 
| ثُلَّةٌ مِّنَ الْأَوَّلِينَ (13) Гурӯҳе аз пешиниён | 
| وَقَلِيلٌ مِّنَ الْآخِرِينَ (14) ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд | 
| عَلَىٰ سُرُرٍ مَّوْضُونَةٍ (15) бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт) | 
| مُّتَّكِئِينَ عَلَيْهَا مُتَقَابِلِينَ (16) рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд | 
| يَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَانٌ مُّخَلَّدُونَ (17) Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд | 
| بِأَكْوَابٍ وَأَبَارِيقَ وَكَأْسٍ مِّن مَّعِينٍ (18) бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист | 
| لَّا يُصَدَّعُونَ عَنْهَا وَلَا يُنزِفُونَ (19) аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд | 
| وَفَاكِهَةٍ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ (20) Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд | 
| وَلَحْمِ طَيْرٍ مِّمَّا يَشْتَهُونَ (21) Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд | 
| وَحُورٌ عِينٌ (22) Ва ҳурони дуруштчашм | 
| كَأَمْثَالِ اللُّؤْلُؤِ الْمَكْنُونِ (23) ҳамонанди марворидҳое дар садаф | 
| جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ (24) Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд | 
| لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا تَأْثِيمًا (25) Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд | 
| إِلَّا قِيلًا سَلَامًا سَلَامًا (26) ҷуз як сухан: «Салом, салом!» | 
| وَأَصْحَابُ الْيَمِينِ مَا أَصْحَابُ الْيَمِينِ (27) Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд | 
| فِي سِدْرٍ مَّخْضُودٍ (28) Дар зери дарахти сидри бехор | 
| وَطَلْحٍ مَّنضُودٍ (29) ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда | 
| وَظِلٍّ مَّمْدُودٍ (30) ва сояе доим | 
| وَمَاءٍ مَّسْكُوبٍ (31) ва обе ҷорӣ | 
| وَفَاكِهَةٍ كَثِيرَةٍ (32) ва мевае бисёр | 
| لَّا مَقْطُوعَةٍ وَلَا مَمْنُوعَةٍ (33) ки бепоён ва касро аз он бознадоранд | 
| وَفُرُشٍ مَّرْفُوعَةٍ (34) Ва фаршҳои баланд | 
| إِنَّا أَنشَأْنَاهُنَّ إِنشَاءً (35) Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ | 
| فَجَعَلْنَاهُنَّ أَبْكَارًا (36) ва душизагон сохтем | 
| عُرُبًا أَتْرَابًا (37) Маъшуқи ҳамсарони худанд | 
| لِّأَصْحَابِ الْيَمِينِ (38) барои аҳли саъодат | 
| ثُلَّةٌ مِّنَ الْأَوَّلِينَ (39) гурӯҳе аз пешиниён | 
| وَثُلَّةٌ مِّنَ الْآخِرِينَ (40) ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд | 
| وَأَصْحَابُ الشِّمَالِ مَا أَصْحَابُ الشِّمَالِ (41) Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд | 
| فِي سَمُومٍ وَحَمِيمٍ (42) Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд | 
| وَظِلٍّ مِّن يَحْمُومٍ (43) дар сояе аз дуди сиёҳ | 
| لَّا بَارِدٍ وَلَا كَرِيمٍ (44) на сарду на хуш | 
| إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُتْرَفِينَ (45) Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд | 
| وَكَانُوا يُصِرُّونَ عَلَى الْحِنثِ الْعَظِيمِ (46) ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд | 
| وَكَانُوا يَقُولُونَ أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ (47) ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд | 
| أَوَآبَاؤُنَا الْأَوَّلُونَ (48) ё ниёгони моро?» | 
| قُلْ إِنَّ الْأَوَّلِينَ وَالْآخِرِينَ (49) Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд | 
| لَمَجْمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَاتِ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ (50) ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд | 
| ثُمَّ إِنَّكُمْ أَيُّهَا الضَّالُّونَ الْمُكَذِّبُونَ (51) Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда | 
| لَآكِلُونَ مِن شَجَرٍ مِّن زَقُّومٍ (52) аз дарахтони заққум хоҳед хурд | 
| فَمَالِئُونَ مِنْهَا الْبُطُونَ (53) ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард | 
| فَشَارِبُونَ عَلَيْهِ مِنَ الْحَمِيمِ (54) ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид | 
| فَشَارِبُونَ شُرْبَ الْهِيمِ (55) чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад | 
| هَٰذَا نُزُلُهُمْ يَوْمَ الدِّينِ (56) Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо | 
| نَحْنُ خَلَقْنَاكُمْ فَلَوْلَا تُصَدِّقُونَ (57) Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед | 
| أَفَرَأَيْتُم مَّا تُمْنُونَ (58) Оё он маниро, ки мерезед, дидаед | 
| أَأَنتُمْ تَخْلُقُونَهُ أَمْ نَحْنُ الْخَالِقُونَ (59) Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем | 
| نَحْنُ قَدَّرْنَا بَيْنَكُمُ الْمَوْتَ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ (60) Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки | 
| عَلَىٰ أَن نُّبَدِّلَ أَمْثَالَكُمْ وَنُنشِئَكُمْ فِي مَا لَا تَعْلَمُونَ (61) ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем | 
| وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ النَّشْأَةَ الْأُولَىٰ فَلَوْلَا تَذَكَّرُونَ (62) Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред | 
| أَفَرَأَيْتُم مَّا تَحْرُثُونَ (63) Оё чизеро, ки мекоред, дидаед | 
| أَأَنتُمْ تَزْرَعُونَهُ أَمْ نَحْنُ الزَّارِعُونَ (64) Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем | 
| لَوْ نَشَاءُ لَجَعَلْنَاهُ حُطَامًا فَظَلْتُمْ تَفَكَّهُونَ (65) Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед | 
| إِنَّا لَمُغْرَمُونَ (66) Гӯянд: «Мо зиён кардагонем | 
| بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ (67) мо бенасиб мондагонем» | 
| أَفَرَأَيْتُمُ الْمَاءَ الَّذِي تَشْرَبُونَ (68) Оё оберо, ки менӯшед, дидаед | 
| أَأَنتُمْ أَنزَلْتُمُوهُ مِنَ الْمُزْنِ أَمْ نَحْنُ الْمُنزِلُونَ (69) Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем | 
| لَوْ نَشَاءُ جَعَلْنَاهُ أُجَاجًا فَلَوْلَا تَشْكُرُونَ (70) Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед | 
| أَفَرَأَيْتُمُ النَّارَ الَّتِي تُورُونَ (71) Оё он оташро, ки меафрузед дидаед | 
| أَأَنتُمْ أَنشَأْتُمْ شَجَرَتَهَا أَمْ نَحْنُ الْمُنشِئُونَ (72) Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем | 
| نَحْنُ جَعَلْنَاهَا تَذْكِرَةً وَمَتَاعًا لِّلْمُقْوِينَ (73) Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем | 
| فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ (74) Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй | 
| ۞ فَلَا أُقْسِمُ بِمَوَاقِعِ النُّجُومِ (75) Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон | 
| وَإِنَّهُ لَقَسَمٌ لَّوْ تَعْلَمُونَ عَظِيمٌ (76) Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург | 
| إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌ (77) Албатта ин Қуръонест гиромиқадр | 
| فِي كِتَابٍ مَّكْنُونٍ (78) дар китобе макнун | 
| لَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَ (79) ки ҷуз покон даст бар он назананд | 
| تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ الْعَالَمِينَ (80) Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст | 
| أَفَبِهَٰذَا الْحَدِيثِ أَنتُم مُّدْهِنُونَ (81) Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед | 
| وَتَجْعَلُونَ رِزْقَكُمْ أَنَّكُمْ تُكَذِّبُونَ (82) Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед | 
| فَلَوْلَا إِذَا بَلَغَتِ الْحُلْقُومَ (83) Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад | 
| وَأَنتُمْ حِينَئِذٍ تَنظُرُونَ (84) ва шумо дар ин ҳангом менигаред | 
| وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنكُمْ وَلَٰكِن لَّا تُبْصِرُونَ (85) Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед | 
| فَلَوْلَا إِن كُنتُمْ غَيْرَ مَدِينِينَ (86) Агар қиёматро бовар надоред | 
| تَرْجِعُونَهَا إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ (87) агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад) | 
| فَأَمَّا إِن كَانَ مِنَ الْمُقَرَّبِينَ (88) Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад | 
| فَرَوْحٌ وَرَيْحَانٌ وَجَنَّتُ نَعِيمٍ (89) барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат | 
| وَأَمَّا إِن كَانَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ (90) Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад | 
| فَسَلَامٌ لَّكَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ (91) пас туро аз аҳли саъодат салом аст | 
| وَأَمَّا إِن كَانَ مِنَ الْمُكَذِّبِينَ الضَّالِّينَ (92) Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад | 
| فَنُزُلٌ مِّنْ حَمِيمٍ (93) ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд | 
| وَتَصْلِيَةُ جَحِيمٍ (94) ва ба дӯзахаш дароваранд | 
| إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ الْيَقِينِ (95) Ин сухан сухане росту яқин аст | 
| فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ (96) Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй |